Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом кард, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот, онҳо Толибонро шикаст хоҳанд дод. » The Asia Times - события в Азии и в мире: темы дня, фото, видео, инфографика.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом кард, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот, онҳо Толибонро шикаст хоҳанд дод.

Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN, Аҳмад Масъуд гуфтааст, ки аз моҳи январи имсол то кунун беш аз 200 амалиёт алайҳи Толибон анҷом доданд ва акнун панҷ ҳазор нерӯ дар бист вилояти Афғонистон доранд.
Толибон то кунун дар бораи ин гуфтаҳои Аҳмад Масъуд вокунише нишон надодаанд.
Радиои Озодӣ ҳам ба таври мустақилона ин иддаоҳоро тасдиқ карда наметавонад.
Бо ин ҳол, Мэтю Миллер, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии Fox News таъкид кардааст, ки ИМА аз даргириҳои мусаллаҳона дар Афғонистон ҳимоят намекунад. Ӯ афзуд, ки Афғонистон ба муддати 44 сол даргири ҷанг будааст.
Пеш аз ин раиси Кумитаи хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико дар шабакаи иҷтимии Х эълон карда буд, ки қасд дорад дар моҳи сентябр бо Аҳмад Масъуд мулоқот кунад.


КОММЕНТАРИИ