(ВИДЕО 18+) В Таджикистане задержали очередного «Мулла» за изнасилование » The Asia Times - события в Азии и в мире: темы дня, фото, видео, инфографика.

(ВИДЕО 18+) В Таджикистане задержали очередного «Мулла» за изнасилование



Насриддин Зиёдуллоеви 72-сола, ки аз соли 1989 то 2013, дар тӯли 24 сол имом-хатиби масҷиди Қаротоғ будааст, ба зинокорӣ айбдор мешавад. Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки лаҳзаҳои алоқаи ҷинсии ин имом-хатиби собиқ бо як занро намоиш медиҳад. Ин видео рӯзи 6 марти соли 2018 бо камераи пинҳонӣ сабт шудааст.

Дар саҳифаи Бехруз Рачабов дар шабакаи Фейсбук гузориши шашдақиқагии видеоие нашр шудааст, ки дар он як имом-хатиби собиқро бо намоиши лаҳзаҳои алоқаи ҷинсиаш бо як зани корафтода ба зинокорӣ айбдор мекунанд.

Насриддин Зиёдуллоев, маъруф ба Мулло Насриддин, соли таваллудаш 1946, дар тӯли 24 сол – аз соли 1989 то 2013 имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Қаротоғи шаҳри Турсунзода будааст.

Муаллиф мегӯяд, Насриддин Зиёдуллоев дар водии Ҳисор дар байни мардум аз эҳтироми хосе бархӯрдор буд, "зеро мардум аз тарафи дигари ҳаёти ӯ, ки пушти парда ниҳон аст, хабар надоранд.”

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Мулло Насриддин баъди онки соли 2013 аз мақоми имом-хатибӣ канор рафт, "бо истифода аз заифии фаҳмишу дониш ва эътиқоди сокинони водии Ҳисор ба қаллобиву мардумфиребӣ рӯ меорад, то нафси ба луқмаи муфт одаткардаашро орому қонеъ гардонад. Ба гарму сардкунӣ, ҷинхонӣ ва муолиҷаи занону духтарони безурёт мепардозад. Ӯ бо истифода аз ихлосу эътимоде, ки мардум нисбаташ дошт, ба боварии корафтодагон даромада, бо онҳо муносибатҳои шаҳвонӣ барпо мекард.”

Дар гузориш бархе лаҳзаҳои алоқаи шаҳвонии Насриддин Зиёдуллоев бо зане, ки чеҳрааш нишон дода намешавад, низ нашр шудааст. Ӯ ин занро ба оғӯш мекашад ва аз сару рӯ ва ҳатто аз маҳрамгоҳаш мебӯсад. Сипас ҳарду либосҳояшонро кашида, дар бистар машғули алоқаи ҷинсӣ мешаванд. Ин видео, тавре аз санаи сабташ бармеояд, рӯзи 6 марти соли 2018, байни соатҳои 15 ва 16 зоҳиран бо камераи пинҳонӣ сабт шудааст.

Дар гузориш ҳамчунин Мулло Насриддинро ба он айбдор мекунанд, ки барои муҳоҷирони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати кориашон дар Русия никоҳи сиғаро раво дониста буд. Аммо дар гузориш ӯ мегӯяд, ки никоҳи сиға бар хилофи талаботи мазҳаби Ҳанафия аст.

Муаллиф Мулло Насриддинро аз шогирдони Эшони Аллома, як рӯҳонии маъруфи тоҷик ва узви ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ном мебарад, вале дар ин робита ба ҷуз аз ин ки Насриддин Зиёдуллоев шогирди Эшони Аллома буд ва "бо супориши раҳбарони ҲНИТ фаъолияти ин ҳизбро дар водии Ҳисор ба роҳ андохта, мардумро ба изҳори норозигӣ аз сиёсати ҳукумат даъват мекард”, далели дигаре намеорад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонуни дини Тоҷикистон, аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ҳаққи имоматӣ дар масҷидҳоро надоштанд ва маълум нест, ки агар Насриддин Зиёдуллоев узви ҲНИТ бошад, чӣ гуна тавонистааст 24 сол, аз ҷумла дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар мақоми имом-хатиби яке аз бузургтарин масҷидҳои ҷомеи водии Ҳисор кор кунад?


КОММЕНТАРИИ