М.Кабири за 7 лет получил от зарубежных спонсоров 8 миллионов долларов » The Asia Times - события в Азии и в мире: темы дня, фото, видео, инфографика.

М.Кабири за 7 лет получил от зарубежных спонсоров 8 миллионов долларов

На страницах и вебсайтах, принадлежащих "ферме ответов” – группе таджикских про-правительственных троллей – уже несколько дней гуляет статья под названием "М.Кабирӣ бо авлодаш мехӯрад, наҳзатиҳо тамошо мекунанд” ("М.Кабири с родственниками гуляют, остальные члены ПИВТ – смотрят”). В этой статье утверждается, что лидер запрешенной ныне в Таджикистане Партии исламского возрождения (ПИВТ) Мухиддин Кабири за последние 7 лет получил у зарубежных спонсоров "с целью борьбы против правительства Таджикистана” более 8 миллионов долларов. Большинство этих денег, в том числе 3 миллиона долларов на создание телеканала "Сафо”, были предоставлены, как утверждают тролли, Ираном. ПИВТ, сам Кабири и другие, кого обвиняют в в этой статье, пока не реагировали на предъявление им обвинения. Пока не можем утверждать правдивость или лживость этих утверждений, но видимо, информация, использованная в этой статье, есть все, что удалось собрать органами безопасности Таджикистана за 5 лет следствия действия ПИВТ и ее лидера. "Ахбор” решил опубликовать эту статью, вызвавшую определенный резонанс, и готов предоставить трибуну и другой стороне для ответа по выдвинутым против них обвинениям.
М.КАБИРӢ БО АВЛОДАШ МЕХӮРАД, НАҲЗАТИҲО ТАМОШО МЕКУНАНД
(фақат мувофиқи маълумотҳои тасдиқшуда, дар 7 соли охир М.Кабирӣ бо баҳонаи пешбурди барномаҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон аз маблағгузорони хориҷӣ беш аз 78 миллиону 990 ҳазору 389 сомонӣ ё баробар бо 8 миллиону 143 ҳазору 340 доллари ИМА дарёфт намуда, онро ҳамроҳи аҳли авлод ваодамони наздикаш аз худ кардааст.Дар бораи ҳудуди 5 млн. доллари дигар низ маълумотҳо омадаанд, ки пас аз пурра тасдиқ шудан нашр мешаванд)
Ҳангоми таҳлили шахсияти Раиси ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, аксари касони огоҳ, пеш аз ҳама ба тоҷир ва тиҷоратпеша будани ӯ ишора мекунанд. Зеро фаъолияти чандинсолаи М.Кабирӣ исбот кардааст, ки барои ӯ ҳам оила, ҳам зиндагӣ, ҳам сиёсат, ҳам дин ва ҳам муносибатҳои дӯстона ҳамааш тиҷорат аст. Мақсади олии тамоми фаъолиятҳои ӯ дар ин самтҳо, пеш аз ҳама тиҷорат ва ҷамъоварии пулу мол мебошад. Ин аст, ки пас аз содир кардани ҷинояти сиёсӣ, вақте мақомоти тафтишотӣ амволи шахсии ӯро ҳисоб мекарданд, ҳама ангушти ҳайрат газида буданд, ки Раиси ТЭТ ҲНИ беш аз 150 номгӯй амвол, аз ҷумла хонаҳо, бӯстонсаройҳо, офисҳо, корхонаҳо, бозору мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, фермаҳо, моншинҳо ва ғайра доштааст.
Баъд аз замони Раиси ҲНИ шудани М.Кабирӣ, ҳизби наҳзат ҳам ба як тиҷорати калони ӯ табдил шудааст. Тиҷорат ва тақаллубкорие, ки акнун миқёси байналмилалӣ гирифтааст.Ин ҳирс нисбати пулу мол боис шудааст, ки М.Кабирӣ ҳоло ҳам фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷаро ба як бизнеси калони шахсӣ табдил карда, дар ин солҳо миллионҳо доллар сармояи шахсӣ ҷамъоварӣ намудааст. Наҳзатиҳои дигар бошанд, ӯро «устод», «раис» ва «пешвои сиёсӣ» гумон карда, бо фаъолияти худ тиҷоратҳои ӯро боз ҳам гармтар карда истодаанд.
Аз ҷумла, баъд аз баста шудани ҲНИ, дар аввали соли 2016 М.Кабирӣ бо ваъдаи барқарор кардани ҳизб ва ҷоннок кардани фаъолият бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағи 800 ҳазор доллари ИМА дастрас намуд. Ӯ ба номи бародарзода ва муҳофизи шахсияш Кабирзода Эмомалӣ Сафар (дар байни худашон бо номи Аббос машҳур аст) дар Туркия суратҳисоби бонкӣ кушода, аз ин пул маблағи 762 ҳазору 300 доллари ИМА-ро дар он ҳамчун пасандоз гузоштааст. Санадҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки баъдан ин маблағро ба суратҳисоби ширкати «UABDistata», ки дар яке аз банкҳои Ҷумҳурии Литва «SiauliuBanks» AB ҷойгир мебошад, ирсол кардаанд.
Соли 2017 мақомоти дахлдори Литва ба сарчашма ва соҳибони ин пул шубҳа карда, дар асоси моддаи 216-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда) нисбат ба ширкати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд, ки дар рафти он, дар ҳамон бонк маблағи 759 ҳазору 888 евро ба ҳабс гирифта шуд. Аммо бо мусоидати хадамоти махсуси кишварҳои алоҳидаи ғарбӣ, 25-уми июли соли 2019 парвандаи ҷиноятии мазкур қатъ гардида, маблағи зикршуда озод карда шуд. Сипас, он давра ба давра аз он банк хориҷ карда шуда, аз тарафи М.Кабирӣ ваназдиконаш истифода шудааст.
Дар ин давра М.Кабирӣ пинҳон аз чашми наҳзатиёни дигар тиҷорати худ ва хонаводаашро васеъ карда, аз ҷумла дар санаи 29.09.2017 дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша ба номи бародарзодаи худ Кабирзода Э.С. (Аббос) ва хоҳари ӯ Кабирова Бибируқия Сафаровна ширакати пардозгарии ҶДММ «CMD» (CMDSp. Z.o.o.)-ро таъсис дод. Ин ширкат зери рақами 368442572 дар суроғаи ш.Варшава, кӯчаи Смолна, №38/12 05-075 ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон, ҳуҷҷати бонкӣ нишон медиҳад, ки Кабирзода Э.С. дар бонки «Миллениум»-и Ҷумҳурии Лаҳистон дорои ҳисоби бонкии № 76116022020000000322728718 буда, аз тариқи он ба суратҳисоби ширкати «UABDistata» маблағи 10000 евро ирсол намудааст.
Тактикаи тиҷорати М.Кабирӣ чунинаст, ки маблағҳои калони дарёфтшударо дар банкҳо ва ширкатҳо дар суратҳисоби даҳҳо нафар хешу табораш тақсим кардааст, то касе, хусусан аъзои дигари ТЭТ ҲНИ ба он пай набаранд.
М.Кабирӣдар якҷоягӣ бо бародарзодаҳояш Кабиров Муҳаммад ва Кабирзода Эмомалӣ Сафар (Аббос) аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ вагрантие, ки барои ҲНИ ворид шудаанд, дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ва шаҳри Кассели Олмон марказҳои савдо, ошхона ва меҳмонхона кушода, аз ҳисоби онҳо даромади калони молиявӣ ба даст меорад. Ӯ аз ҷумла, дар шаҳри Варшава, кӯчаи Jagiellonska 11, 03-721 ошхонаи шарқии «MaZzaKeBab»-ро таъсис додааст, ки фаъолияти онро ҳам якҷоя бо бародарзодааш Кабиров Муҳаммад Сафарович идора мекунад.
Ҳамзамон, М.Кабирӣ тавассути боз ҳамон бародарзодааш Кабирзода Эмомалӣ (Аббос) тиҷорати автомошинаҳои сабукрав ва гӯшти говро дар шаҳри Варшава ба роҳ мондааст, ки автомошинаҳо аз тариқи шахсони сеюму чорум ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ фиристода мешаванд. Инчунин меҳмонхонаи иборат аз 3 ошёна дар шаҳри Кассели Олмон, автомашинаҳои тамғаи «Мерседес C-LS», рангаш сиёҳ ва «WolsfagenCaddy», рангаш кабуди торик низ ба моликияти Раиси ҲНИ М.Кабирӣ дар Аврупо дохил мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои дигар исбот мекунанд, ки М.Кабирӣ дар кишвари Туркия низ хонаю амволи шахсӣ харидорӣ карда мондааст. Аз ҷумла, ӯ аз ҳисоби мабалағҳои барои фаъолияти ТЭТ ҲНИ воридшуда, дар Ҷумҳурии Туркия, шаҳри Истамбул, маҳаллаи Гултеппе, кӯчаи Алагик, бинои 1, ҳуҷраи 7 манзили истиқоматӣ харидорӣ кардааст.
Бо мақсади ҷалб накардани таваҷҷуҳи мақомоти расмӣ, М.Кабирӣ бахше аз муомилаҳои пулӣ ва хароҷоти худро ба таври нақдӣ анҷом медиҳад ва бо ин мақсад дар хонааш маблағҳои калони пулиро нигоҳ медорад. Наҳзатиҳои дар Аврупо буда таъкид мекунанд, ки фаразандони М.Кабирӣ Руҳулло, Муҳамамд, Салим, Кабир ва Абузар барои хароҷотҳои шахсиашон доимо дар ҳамёни худ маблағҳои зиёд бо асъори 500 евроӣ доранд, ки ин гуна маблағҳоро ҳатто шаҳрвандони Аврупо дар бонкаматҳои пулгирӣ датсрас карда наметавонанд.
Солҳои охир М.Кабирӣ тиҷоратҳои худро аз наҳзатиёни асосӣ пинҳон вадуртар карда, ба ҷойи онҳо, аз ҷумла Шарофиддин Гадоевро ҳамчун шарики тиҷорӣ ба худ наздик карда истодааст. Масалан, 1-уми декабри соли 2018 М.Кабирӣ баъди иштирок дар маъракаи худоии Шехов Маҳмадсаид (ҷияни С.А.Нурӣ), ки дар масҷиди воқеъ дар ш.Дортмунди Олмон, кӯчаи WambelerHolz, бинои 70 доир гашта буд, бо Шарофиддин Гадоев вохӯрии алоҳида намуда, масъалаи кушодани тиҷорати муштарак, яъне қаҳвахонаи шарикӣ дар шаҳри Амстредами шоҳигарии Ҳоландро музокира намуд. Пас аз розӣ шудани тарафҳо,бо супориши М.Кабирӣ муҳофизаш Кабирзода Эмомалӣ (Аббос) аз бағочи автомошинаи «Лексус» (ҷип), ки М.Кабирӣ бо он ба маърака омада буд, маблағи калонро оварда, ба Ш.Гадоев супорид.
Аз байни наҳзатиён бошад, М.Кабирӣ асосан ба Кузов Мирзораҳим такя карда, корҳо вахароҷоти молиявиашро асосан ҳамроҳи ӯ мегузаронад. Ин ҳолат боис шудааст, ки наҳзатиҳои дигар норозигии худро байни ҳам ошкоро баён мекунанд.
Албатта, ҳама медонанд, ки муносибатҳои шахсии М.Кабирӣ бо М.Кузов (Шоҳнаим Карим)дар асл хуб набуда, Шоҳнаим, ки шахси мутаассиби мазҳабӣ ва ҳарбӣ аст, худро аз «наҳзатиҳои асил» дониста, М.Кабириро дар ғайбаш «устод мунофиқ» меномад. Аммо сабаби робитаҳоро бо ӯ ҳифз кардан ва ӯро аз назари молиявӣ розӣ нигоҳ доштани М.Кабирӣ дар он аст, ки М.Кузов намоянда ва шахси боварии хадамоти махсуси ҶИ Эрон дар байни наҳзатиҳо мебошад. Ӯ мактабҳои идеологӣ ва ҳарбии террористиро дар ҳудуди ҶИ Эрон гузашта, ҳоло ҳамчун масъули амниятӣ ва низомии ТЭТ ҲНИ фаъолият дорад.
Албатта, ғорат ва аз худ кардани пулҳое, ки ташкилотҳои байналхалқӣ, кишварҳои хориҷӣ ё манбаъҳои дохилӣ барои дастгирии ТЭТ ҲНИ, маъракаҳои сиёсӣ ё амалиётҳои террорстии он медоданд, аз тарафи М.Кабирӣ ва аҳли оилаи ӯ ҳанӯз аз Тоҷикистон сар шуда буд. Аз ҷумла, соли 2013 М.Кабирӣ аз хадамоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таъсиси шабакаи телевизонии «Сафо» 3 миллион доллари ИМА дарёфт намудааст. Аммо ҳисобҳои дақиқ нишон медиҳанд, ки дар таъсис ва фаъолияти муваққатии ин шабакаи телевизонӣ М.Кабирӣ ҳатто 500 ҳазор доллари ИМА харҷ накардааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Москва ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА таҷҳизоти техникӣ харида, бо гирифтани бинои иҷоравӣ ва ҷалб намудани хабарнигороне чун Қличев Темур (Темур Варқӣ), Абдуқаюми Қаюмзод ва писари Маҳмадалӣ Ҳаит — Ҳаитов Манучеҳр кори онро ба таври нимкора ба роҳ монд. Дар асл бошад, лоиҳаро худи М.Кабирӣ ба воситаи бародарзодааш Кабиров Муҳамамд Сафарович (дастпарвар ва таълимгирифта дар Эрон) ва бародари ҳамсари Шамсиддин Саидов — Одинаев Фарҳод Раҷабалиевич идора карда, боқимондаи маблағҳоро ба таври номаълум аз худ карданд. Ғайб задани ин пулҳо на танҳо боиси норозигии кормандон, ки маоши думоҳаашон дода нашуд, балки сабаби норозигии аъзои дигари ҳизби наҳзат ва баҳс бо маблағгузорони эронӣ низ шуда буд.
Узви Раёсати олии ТЭТ ҲНИ Зарафо Раҳмонӣ дар чанд мусоҳибаи худ тасдиқ мекунад, ки вақте соли 2014-ум 13 нафар аъзои баландпояи ҳизб ба Эрон сафар карданд, корманди мақомоти махсуси Эрон ба ӯ гуфтааст, ки мо ба М.Кабирӣ 3 миллион долларро барои таъсиси телвизон додем, аммо то ҳол натиҷае нест ва худаш ҳам хомӯш аст. Ба ӯ хабар диҳед, ки аз тариқи Машҳад ба Теҳрон биёяд, ки ин масъаларо баррасӣ кунем. Чун ба Душанбе баргашта, ин хоҳиши ҷониби Эронро ба М.Кабирӣ гуфтам, ӯ нороҳат шуда, илтимос кард, ки ин гапро ба Маҳмадали Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ зинҳор нагӯям. Тақдири пули телевизони «Сафо» то имрӯз байни маблағгузорону маблағгирон баҳснок боқӣ мондааст.
(Бояд зикр кард, ки сипас хадамоти махсуси ин кишвар барои таъсиси шабакаи телевизонӣ Зафари Сӯфиро ҷалб намуданд, ки ӯ бояд студияи ин шабакаро дар шаҳри Бишкек таъсис мекард. Бо ин мақсад дар ин шаҳр хонаи истиқоматӣ, қароргоҳи иҷоравӣ ва таҷҳизоти сабту пахш таҳия карда шуд. З.Сӯфӣ бо ҷалби баъзе кормандони «Озодагон» ва журналист Далер Шарипов студияи ин телевизонро пурра муҷаҳҳаз сохта, бо номи телевизони Осиёи Марказӣ чанд барномаро ҳам ба роҳ монд. Аммо вақте мақомоти махсуси Қирғизистон ба моҳияти ин нақша пай бурданд ва тафтишро оғоз карданд, масъулону кормандони ин телевизон низ ба ҳар тараф гурехтанд. Мутаассифона, ин хадамот ҳоло ҳам аз ин мақсад даст накашида, акнун фаъолияти зиддитоҷикистонии телевизонҳои интернетии «САТВ», «Ислоҳ» ва ғайраро маблағгузорӣ мекунанд.)
Ҳамчунин, соли 2014 барои иштироки фаъол дар интихоботи парламентии аввали соли 2015 М.Кабирӣ аз ҳамон маблағгузорон маблағи 1 миллион доллари ИМА дарёфт кардааст. Аммо ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки аз он фақат 20-30 ҳазор доллар барои чопи плакату ташкили вохӯриҳои ҳизб, махсусан вохӯриҳои М.Кабирӣ бо ҷавонон сарф шуда, бақияи онро М.Кабирӣ ҳамроҳи Кузов Мирзораҳим аз худ кардаанд. Сармояи аввалияи М.Кабирӣ пас аз гурехтан аз Тоҷикистон асосан аз ҳамин маблағ сар шудааст. Ин масъаларо дар он вақт аксари аъзои Раёсати ТЭТ ҲНИ медонистанд вабайни онҳо баҳсу норозигиҳои сахт сурат гирифта буд.
Як самти асосии хароҷоти М.Кабирӣ дар Аврупо овардан ва ҷой кардан ва таъмин крадани хешу табораш мебошад. То имрӯз даҳҳо нафар аз аволодӣ ӯ, аз ҷумла бародарон, хоҳарон, хоҳарзодаҳо, додарзодаҳо ва ғайра, умуман ҳудуди 70 нафар хешу табори М.Кабирӣ дар кишварҳои гуногуни Аврупо, беш аз ҳама дар Полша ҷобаҷо карда шудаанд. Ҳамаи онҳо бо хонаҳои хуб, тиҷорат ва ҳуқуқи расмии паноҳандагӣ таъмин гардидаанд. Дар бораи тамоми аъзои ин авлод, ки аз ҳисоби пулҳои ҲНИ соҳиби ҷою мақом дар кишварҳои авропоӣ шудаанд, маълумотҳои дақиқе дар даст ҳастанд, ки рӯзҳои наздик ба нашр хоҳанд расид.
Ҳамин тавр, тадқиқоти ҳамаҷониба нишон медиҳад, ки фақат тибқи маълумотҳои дақиқи санҷидашуда, дар 7 соли охир М.Кабирӣ бо баҳонаи пешбурди барномаҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон аз маблағгузорони хориҷӣ беш аз 78 миллиону 990 ҳазору 389 сомонӣ ё баробар бо 8 миллиону 143 ҳазору 340 доллари ИМА дарёфт карда, онро ҳамроҳи хешовандон ва одамони наздикаш аз худ кардааст. Ҳоло дар бораи ҳудуди 5 млн. доллари дигар, ки М.Кабирӣ онро аз манбаъҳои гуногун «барои ҷоннок кардани фаъолияти ТЭТ ҲНИ» ба даст оварда, байни фарзандон ва хешу табораш тақсим кардааст, низ маълумотҳо ба даст омадаанд. Аммо он маълумотро пас аз сад фоиз санҷида шудан дар ҳафтаҳои наздик нашр мекунем.
Ин аст симои асосии тоҷире, ки худро роҳбари ҳизби исломӣ муаррифӣ карда, дар асл, мақсади асосии он тиҷорат ва ҷамъоварии сармоя мебошад. Ҳизби наҳзат бошад, яке аз ширкатҳои тиҷории ӯст, ки акнун ҳаҷми бисёрмиллионию миқёси байналмилалӣ гирифтааст. Дар ҳақиқат, ба он наҳзатиёне, ки ба бозию сиёсати М.Кабирӣ бовар карда, ноогоҳона дар рушди тиҷорати шахсию оилавию авлодии ӯ саҳм мегузоранд, дили ҳар кас месӯзад.

источник:akhbor.com


КОММЕНТАРИИ